вазнин

вазнин
[وزنين]
1. дорои вазни зиёд, гарон, сангин, сақил; муқоб. сабук
2. душвор, мушкил; сахт, зӯрталаб: кори вазнин
3. маҷ. ботамкин, ботаҳаммул, бурдбор: вазнин шудан, худро вазнин нигоҳ доштан
4. маҷ. дуҷон, ҳомила: бемории вазнин касалии сахт ва хавфнок; бори вазнин а) боре, ки дорои вазни зиёд аст; б) маҷ. кори душвор, вазифаи мушкил; в) маҷ. ташвиш, заҳмати зиёдатӣ, боиси дарди сар, бори гарон; роҳи вазнин роҳи душворгузар, роҳи пуразоб; роҳи пурхатар; хӯроки вазнин хӯроки душворҳазм; ҳавои вазнин а) ҳавои ғализ, вайрон, дам; б) муҳити баду ногувор; барои касе вазнин будани коре барои касе душвор будани иҷрои коре; аз ӯҳдаи иҷрои коре баромада натавонистани касе; вазнин шудани аҳвол а) шиддат гирифтани вазъ(-и бемории касе); б) бад, танг ва тоқатфарсо шудани шароити зиндагии касе; вазнин - вазнин нафас кашидан (гирифтан) бо душворӣ нафас гирифтан, дароздароз нафас кашидан; вазнин-вазнин қадам мондан душвор ва хеле оҳиста роҳ гаштан
◊ гӯши вазнин костагии қобилияти шунавоӣ, дуруст нашунидани гӯш; саноати вазнин маҷмӯи соҳаҳои саноат, ки таҷҳизоту дастгоҳи мошинҳо ва маҳсулоти саноати вазнин истеҳсол мекунад; вазнин будани хоки ҷое дар мавриди ба ҷое омада аз он ҷо рафта натавонистан ва муқимӣ шудани касе гуфта мешавад; ҷинояти касе вазнин шудан зиёд шудани гуноҳи касе

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Смотреть что такое "вазнин" в других словарях:

  • вазнинӣ — [وزنيني] 1. вазни зиёд доштан, гаронӣ, сангинӣ; вазнинӣ доштан ( и мисраи шеъре) адш. аз рӯи қоидаи вазни арӯз дорои ҳиҷои зиёдатӣ будан, нуқсондор будани мисраи шеъре 2. душворӣ, мушкилӣ, сахтӣ: вазнинӣ кардан а) душвор будан; б) маҷ. азобу… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • вазнинқадам — [وزنين قدم] 1. вазнин ё ботамкин қадам мондани касе, вазнин вазнин роҳ гаштан (нисбат ба одамони тануманд гӯянд) 2. маҷ. он ки бо омаданаш ягон воқеаи нохуш рӯй медиҳад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • вазнинҷусса — [وزنين جثّه] ниг. бузургҷусса …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • зӯр — [زور] 1. қувва, қудрат, тавоноӣ, иқтидор 2. боқувват, қувватнок, зӯрманд, қавӣ; зӯр баромадан ғолиб омадан, ғалаба кардан (мас., дар гӯштингирӣ) 3. бузург, забардаст 4. маҷ. вазнин, душвор, сахт 5. маҷ. хуб, аъло; аз зӯри… аз шиддати…; аз… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бад — I [بد] 1. нохуб, ношоиста, нописандида, беадаб, бетарбия; муқоб. хуб, нек, нағз: ахлоқи бад, кирдори бад, нияти бад, одами бад, қасди бад, баду нек; колои бад ба риши соҳибаш (мақ.) 2. зишт, ганда, нобоб, номақбул: бо бад нишинӣ, бад шавӣ (мақ.)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бор — I [بار] 1. асоси замони ҳозира аз боридан 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънии боранда, резанда, пошанда ва маънои зиёдии чизе: мушкбор, нурбор, ашкбор, рӯдбор, дарёбор, ҷӯйбор ва ғ. II [بار] 1. он чи ба дӯш ё пушти инсон, чорпо ё болои… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • вазнинбор — [وزنين بار] дорои бори вазнин; нақлиёте, ки бори вазнин дорад: киштии вазнинбор, қатораи вазнинбор, мошини вазнинбор …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • визр — [وزر] а 1. кит. бори вазнин, бори гарон; вазнинӣ, гаронӣ 2. маҷ. гуноҳ, ҷурм, айб …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гарон — (гирон) [گران] 1. вазнин, сангин, сақил; муқоб. сабук: бори гарон, гурзи гарон 2. маҷ. сахт, бад; гарон омадан а) вазнинӣ кардан, душворӣ намудан; б) маҷ. боиси малол, ранҷ ва ташвиш шудан 3. нархаш баланд, пурбаҳо, қимат; муқоб. арзон; гарон… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гаронбор — (гиронбор) [گران بار] 1. инсон ва ҳайвоне, ки бар худ бори вазнин дорад, пурбору сангин; дарахти гаронбор дарахти пурмева 2. маҷ. одами вазнин, пуртоқат, ботамкин …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»